ДАР КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ САДАРО ҶАШН ГИРИФТАНД

0
71

Имрӯз 23 январи соли 2021 дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ҷашни Сада бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар таҷлили ин ҷашни ниёгон, ки бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло дар саҳни мактаби №32-и деҳаи Рогифи ҷамоати Иван-Тоҷик баргузор гардид, сокинони ноҳия маҳсулоти кишоварзӣ, дастидўзиҳо, дастсохт ва асбобҳои рўзгордориву кишоварзӣ, хўрокҳои милливу маҳаллиро ба маърази тамошо гузошта буданд. Саҳни мактаб идона ороста шуда, сокинони деҳаҳои мухталифи ноҳия ҷамъ омада буданд. Чорабинӣ бо афрухтани гулхан шуруъ шуд.
Дар оғози чорабини бахшида ба иди Сада Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро ба ин ҷашни ниёгон табрик кард.
Таъкид карда шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёнажод ба ҳисоб меравад. Ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ин иди бостонӣ дар кишвар бо мақсади эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои ниёгонамон ривоҷ ёфта, ҳамасола дар саросари кишвар бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки ниёгонамон иди бостонии Садаро чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, ҳамчун муждаи омадани баҳор ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ҷашн мегирифтанд. “Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар фарҳанги пурғановати миллат ва ҳамаи он рукнҳое, ки ҳамчун мероси маънавӣ боқӣ мондаанд, эҳё гардида, ба шиносои миллии мардум асос гузошта истодааст.Таҷлили ҷашни Сада дорои сифатҳои хос буда, пеш аз ҳама аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ дорад,- зикр намуд раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар поёни суханронӣ ба сокинони ноҳия барои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ барору комёбиҳо таманно намуд. Зимни боздид аз намоиши молу маҳсулоти ба маъраз гузоштаи сокинон Раиси ноҳия ба дарстранҷи деҳқонону кишоварзон, дастидўзиҳо ва дигар ашёи ба намоиш гузошта баҳои баланд дод. Дар охир ба ифтихори ҷашни Сада аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба чанде аз собиқадорони меҳнат, соҳибкорон ва намояндагони касбу кори гуногун туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро боз ҳам рангинтар сохт.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here