ВАҲДАТИ МИЛЛӢ– ИФОДАГАРИ ҒОЯҲОИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ

0
15

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини халқи тоҷик рўйдоди муҳими сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар тақдири давлат ва сарнавишти миллати тоҷик таҳаввулоти куллиеро ба миён овард. Ин саҳифаи дурахшони таърих ба рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояити миллӣ дар мамлакат вобаста мебошад. Бояд қайд намуд, ки расидан ба Ваҳдати миллӣ хело роҳи тўлонӣ буд. Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта бо заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рузҳои офтобӣ ва озодиву оромӣ ноил гардидем, ки на танҳо кишварамон ором гардид, балки қалби ҳар як сокини ватани азизамон оромона ба тапиш даромад. Шабҳо бо хотири ҷамъ сар ба болин ниҳода, субҳгоҳон бо умедҳои бузург аз хоб сар бардошта, рўзи худро бо меҳнати ватандустона сипарӣ менамуданд, ки фаъолияти меҳнатии имрўзаи мардум идомаи мантиқи онҳо мебошад.
Таърихи гузаштаи инсоният шаҳодат медиҳад, ки пойдории давлат, сарбаландии миллат ва пешгирии онҳо аз нобудӣ маҳз ба ваҳдати миллӣ ва ҳуккмронии фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамфикрӣ вобаста мебошад. Сулҳ ва оромӣ аз рукнҳои муҳими ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, бо гузашти солҳо боз ҳам аҳамияти хосро касб менамояд. Аз нигоҳи дигар ваҳдат ин маҳсули тафаккури олии мардум буда, ифодагарӣ ғояҳои бузурги ватандорӣ ва ватандўстӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ва расидани халқ ба соҳибихтиёрӣ давлатро ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ фаро гирифт. Бо заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ хомўш карда шуд. Яъне санаи 27 июни соли 1997 баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ халқ ба ҳаёти осоишта баргашт. Ваҳдати миллӣ ба ояндаи давлат ва миллати тоҷик ба як такягоҳи бузург тадбил ёфт, инчунин масири ояндаи дурахшони кишварро муайян сохт.
Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ дар раванди давлатдории миллӣ тоҷикон дорои саҳифаи дурахшон буда, ба хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ ибтидо гузошт. Дар раванди давлатдорӣ марҳилаи нави рушди бесобиқаи пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба миён омад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид.
Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ кохи бузурги нуру сафо ва тавлидкунандаи ғояҳои беназири ҳамгироӣ буда, ҳамчун ситораи дурахшон дар фазои кишвар ҳамеша медурахшад. Маҳз бо дурахшидани нурҳои таъсирбахши он, ки аз қалбҳои ҳар як фарди худогоҳи миллати тоҷик сарчашма мегирад, ҳамаи кинаву адоватро аз ниҳоди мардум дур намуд ва андешаҳои волои созандагиро ҷойгузини онҳо гардонид. Дигар рукни асосии ваҳдати миллӣ ба вуҷуд овардани дӯстиву рафоқат дар байни мардум мебошад. Дӯстӣ занҷирест, ки халқро пайваста аз парокандагӣ эмин нигоҳ медорад ва дар муқобили ҳамаи туфонҳои азими баҳри беканор устуворона ҳимоят менамояд. Ваҳдату ҳамгироӣ имкон намедиҳад, ки андешаҳои ғаразнок ба тафаккури мардум роҳ ёфта, роҳи зиндагии онҳоро барабас диҳанд, баръакс роҳеро раҳнамоӣ мекунад, ки поёнаш саршор аз муҳаббату дустӣ ва иттифоқу ҳамбастагӣ мебошад.
Ваҳдати миллии тоҷикон мактаби иттиҳоду ягонагӣ буда, миллати тоҷик бо фарҳанги ғании сулҳоварию сулҳдӯстии худ саҳифаи онро хело бой гардонидааст. Чунки хиради баланди ватандустӣ ва ояндабинии кишвар аз тарафи халқ барои расидан ба оромии кишвар қадамҳои умедбахшро ба бор овард. Имрўз ваҳдати миллӣ барои пойдории давлати тоҷикон рўз аз рўз нерўи нав зам намуда истодааст. Мардум ҳама якҷоя барои обод намудани ҳар гўшаи ватани аҷдоди худ ба ниятҳои нек ба хотири фардои рангин паи заҳмату талош мебошанд. Ҳамаи корҳои созандагӣ меваи шаҳдбори Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, раванди босуръати чунин иқдомҳои бунёдкорона барои боз ҳам устувор гардидани сохтори давлатдорӣ ва муттаҳидии мардум заминаи боэътимод мегузорад.
Фалсафаи ваҳдату ягонагӣ хело васеъ буда, шабеҳи сутуне, ки болопўши хонаро садсолаҳо нигоҳ медорад мемонад. Агар сутуни нигаҳдорандаи болопўши хона ҳарқадар боқувват бошад, умри хона ҳамон қадар зиёд мешавад. Агарчи сол аз сол ба сутунпояҳои неруманд вазни болопўши хона зиёд шавад, қуввати онҳо низ дар муқобили вазни он дучанд мешавад. Албатта Ваҳдати миллӣ, ки имрўз душманони давлату миллат дидан намехоҳанд, бо дастовардҳои худ ба пояҳои давлатдорӣ як қувваи тоза мебахшанд. Миллати тоҷик дар шароити имрўза барои ба як давлаи мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон таҳти ғояи ватандўстӣ ва ватандорӣ дар корвони давлатдорӣ либосҳои мардонагиро ба бар намуда, ба сўи дастовардҳои дорои аҳамияти пешрафтакунандаи давлат равона мебошанд. Заминаи ҳамаи муваффақиятҳо ягонагӣ ва дӯстӣ буда, бо гузашти солҳо ин кохи азими миллат шукуҳу шаҳомати дурбинонаро, ки тобиши он ба сатҳи ҷаҳон мерасад, ба худ мегирад.
Ваҳдати миллие, ки миллати тоҷик бо саъю кўшиш ва талошҳои шабонарузӣ дар партави роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд, халқро ба ҳам овард, гурезагонро ба ватан баргардонид, шароити бозгашти давлатро ба суи ояндаи дурахшон ба миёнгузошт, раванди худшиносию худогоҳӣ ва хештаншиносиро, ки маҳз дар қави сохтани пояҳои давлатдорӣ хело аҳамияти хуб дорад, ба сатҳи баланд баровард. Ҳамчунин ин падидаи нодир ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати тоҷик воқеан дорои фарҳанги баланди сулҳдустӣ ва шинохти ниёгони хеш мебошанд. Яке аз хусусиятҳои ваҳдати миллӣ дар он аст, ки миллати тоҷикро тамоми давлатҳои дунё шинохтанд, робитаҳои дипломатии худро бо Тоҷикистон барқарор намуданд, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якқатор созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дохил шуда, ҳамкории доимиро ба роҳ мондааст. Ҳатто таҷрибаи мактаби сулҳи тоҷикон дар дигар давлатҳои сайёра мавриди истифода қарор дода шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки бо назардошти мураккаб гаштани авзои сиёсии ҷаҳон ваҳдату ягонагӣ дар масири давлатдорӣ боз ҳам мақоми баланд ва афзалияти хосро касб менамояд. Давлатҳое, ки имрўз дар дохилашон нооромӣ ва бенизомӣ ҳукмрон аст, барои ободӣ, муттаҳидӣ ва таҳкими давлатдорӣ таъсири манфӣ расонида истодаанд.
Таҷрибаи таърихи инсоният нишон медиҳад, ки барои давлат ва миллат аз ҳама чизи қимат ва боарзиш ваҳдату дустӣ ва ягонагӣ мебошад. Зеро ин падидаи бузург давлатро аз нестӣ ва миллатро аз парокандагӣ ҳифз менамояд. Мардумро водор менамояд, ки нерўи зеҳнии худро такмил дода, дар таҳкими ваҳдат ва оромии кишвар ҳиссаи арзандаи худро дареғ надоранд.
Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик шарафу номус ва сарбаландиву шодмонӣ мебошанд, чунки ваҳдат ифодагарӣ ягонагии мардум ва истиқлолият нишони соҳибихтиёрӣ маҳсуб меёбад.
Воқеан, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар мавҷудияти давлатдорӣ миллии тоҷикон заминаи боэътимоди ҳуқуқиву сиёсӣ гузошта, ба идомаи минбаъдаи он асос гардиданд. Миллати тоҷик бо чунин дастовардҳо, инчунин ба ҳазорҳо нақшаҳои бузурги дурнамои давлат ноил гардиданд, ки саҳми онҳо дар ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ хуб мебошад.
Меваҳои ваҳдати миллӣ дар ҳифзи давлатдории милли тоҷикон бешумор буда, бузургтарини онҳо эмин нигоҳ доштани давлат аз вартаи нестӣ, такмил ва таҳкими сохтори давлатдорӣ, сарҷамъ шудани миллат ва пиёдасозии ормонҳои олии мардум мебошад.
Имрўз кохи бузурги Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии кулли мардум рўз аз рўз симои сиёсии худро дигар намуда истодааст. Ваҳдати миллӣ ин кафили асосии умеди миллат ба фардои рангин ва пойдории давлати тоҷикон мебошад.

Фатҳулло Боқизода,
магистранти Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here