БИҲИШТЕ ДАР МАСИРИ РУШД

0
7

Мо хуб медонем, ки мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастҷоҳ воқеан ватанпарвару ватандӯст ва заҳматписанд мебошанд. Дар сарчашмаҳои мӯътабари таърихиву адабӣ мардуми Мастчоҳ аз қадим ҳамчун одамони тануманду ҳимматбаланд, солиму озодманиш ва ростқавлу ободгар зикр шудаанд. Онҳо имрӯз низ сиёсати созандагиву бунёдкоронаи давлатро самимона дастгирӣ мекунанд ва чунонки мебинем, барои пешравӣ ва ободу зебо гардонидани ноҳияи худ заҳмат мекашанд. Ман ба ғайрату ҳиммати мардуми сарбаланду боғурур ва бонангу номуси Кӯҳистони Мастчоҳ итминони комил дорам ва бовар дорам, ки онҳо мисли тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири ободии Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ меваи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҳз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1996 аз нав эҳё гардид. Дар тӯли 25 сол ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.

 

Дар ин муддат Сарвари давлат панҷ маротиба бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварданд. Ҳар боре ки Сарвари давлат ба ин ноҳияи дурдасттарин қадами мубораки худро мегузоштанд, он боз ҳам ободу зебо мегардиду рушду тараққии бештар меёфт. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёдкорӣ рӯз аз рӯз вусъат меёбанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидани шаҳраки зебову замонавӣ ҳамчун маркази маъмурии ноҳия аз зумраи иқдомҳои наҷибу созанда дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.

Лоиҳаи бунёди шаҳраки Меҳрон, ки дар заминҳои бекорхобидаи дашти деҳаи Рогиф бунёд гардидааст, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдшаҳрофар» тарҳрезӣ гардида, шаҳрак дар масоҳати зиёда аз 21 гектар бунёд шудааст. Дар суҳбат Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия гуфт, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бунёди 108 иншооти таъиноти гуногун муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасониву савдо, барқарорсозиву навсозии ҷӯйбор, хатти оби нӯшокиву полезӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 79 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Танҳо соли 2020 дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия 24 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, ки дар беҳ гардидани сатҳи хизматрасонӣ дар деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Судғу ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорону сокинони ватандӯст имрӯзҳо баҳри анҷоми корҳои сохтмонии ба нақша гирифташуда дар маркази маъмурии ноҳия шаҳраки навбунёди Меҳрон ва деҳаҳо корҳои ободонӣ идома доранд, зикр дош раиси ноҳия. Сохтмони муассисаи таълимии нав дар шаҳраки Меҳрон барои 450 хонанда дар як баст аз ҷониби дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар деҳаи дашти Оббурдон бошад, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони мактаб бо 10 сифхона барои 240 нафар хонанда идома дошта, дар деҳаи Валиғонд бунёди муассисаи таълимӣ барои 240 хонанда аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва дар деҳаи Палдорак бошад, сохтмони муассисаи нави таълимии дуошёна аз ҷониби Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба роҳ монда шудааст. Сохтмони муассисаҳои нав бинобар нарасидани ҷойи нишаст ба муҳассилин ва ба талабот ҷавобгӯ набудани муассисаҳои фаъолиятдошта зарур шуморида мешавад.

Барои фароҳам овардани шароити машқу тамрин ва ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар деҳаи Табушн майдончаи варзишӣ сохта шуд. Дар баробари дастгириҳои давлатӣ сокинони деҳаи Истошони Ҷамоати деҳоти Лангар азм гирифтанд, ки дар назди муассисаи таълимии рақами 25 толори варзишии замонавиро бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта, ба истифода диҳанд. Қомат афрохтани биноҳои баландошёна дар маркази ноҳия, мумфарш шудани ду километр роҳи маркази ноҳия, сохта ба истифода додани майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохтмони беморхона ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани беморхонаҳо гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Бояд зикр намуд, ки дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия саҳми шарикони рушд назаррас буда, давоми соли 2020, бо вуҷуди пеш омадани пандемияи COVID 19 якчанд корҳои ободониву созандагӣ ба чашм мерасад.

Бо дастгирии Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаргардонии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» дар ҳудуди ноҳия таъмиру барқарорсозии ҷуйборҳо бо усули бетонпӯшкунӣ ба масофаи 10 км 402 метр гузаронида шуд, ки маблағи он 641 922 сомониро ташкил медиҳад. Бо ин роҳ раванди обтаъминкунӣ беҳтар гардида, дар баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии зироатҳо таъсири мусбат бахшид. Бояд зикр намуд, ки яке аз иқдомҳои неки лоиҳа аз он иборат буд, ки аз оилаҳои камбизоати деҳаҳои наздик коргар қабул намуда, ба онҳо музди маоши хуб пардохт карда шуд. Бо дастгирии ташкилоти SAҚOӢ низ якчанд корҳо иҷро гардиданд, ки аз қабили ворид намудани тухмии аълосифати зироатҳои сабзавотӣ, тухмии зироатҳои хуроки чорво, нӯрии минералӣ, асбобҳои боғдорӣ мебошанд, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми назаррас доранд.

Фаъолияти ташкилоти MSDSP низ дар ҳудуди ноҳия назаррас мебошад. Бо дастгирии ташкилоти мазкур якчанд лоиҳаҳо амалӣ гардиданд, ки аз қабили ташкили ҳоҷатхонаҳои экосан, ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ, ворид намудани таҷҳизотҳо барои чорводорӣ, ворид намудани тухмии мош ва лӯбиёи хушсифат, ташкили анборҳои замонавии картошка, ворид намудани асбобҳои боғдорӣ мебошанд, ки маблағи онҳо дар маҷмӯъ 1 миллиону 307 ҳазору 447 сомониро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки бо воситаи кӯмаки Консорсиуми Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли сипаришуда ба маблағи 3 миллиону 137 ҳазору 129 сомонӣ корҳои ободониву созандагӣ дар самти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии боғоту зиротҳо ба сомон расонида шуд, ки барои мардуми ноҳия муваффақияти беназир мебошад. Ҳамчунин, бо дастгирии БР СММ дар ноҳия низ якчанд корҳои ободониву созандагӣ ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла бо дастгирии Барнома дар Ҷамоати деҳоти Лангар дар деҳаҳои Мадрушкат ва Истошон панҷ ҳазор бех дарахти мевадиҳанда ба аҳолӣ тақсим карда шуд, ки натиҷаи хуб ба даст овард.

Дар самти бунёди муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф низ саҳми барнома назаррас мебошад. Соли 2020 бо дастгирии барнома дар деҳаи Ланглиф як бунгоҳи саломатии замонавӣ сохта шуд, ки барои аҳолии ин минтақа зарур буд. Бояд зикр намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016 2020 ба нақша гирифта шуда буданд, ки дар рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия беҳбудии куллӣ ба назар мерасад. Айни ҳол барномаи нав барои солҳои 2021 2025 мавриди амал қарор дорад, ки дар Барнома 143 лоиҳа ба маблағи 174 миллиону 666,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд. Вақте бо чанде аз сокинон оид ба пешрафту шукуфоии ноҳия суҳбат кардем, ҳама бо як овоз дар хусуси ҷавонмардӣ ва дурандешиву дарки масъулияти роҳбари ҷавони ноҳия Хайрулло Бобозода ҳарф мезаданду аз кордонии ӯ қисса мекарданд.

Чунончӣ, худи ӯ дар суҳбат бо мо иброз дошт, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия ва некӯаҳволии мардум, дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро ба роҳ монда, ҳамасола нишондиҳандаҳои назаррасро соҳиб мегарданд.

Мо дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат барои рушди соҳаҳои ноҳия ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон тамоми тадбирҳоро меандешем. Далели возеҳу равшани он сол то сол боло рафтани даромади сокинон ва дар ин замина рушд ёфтани бахшҳои муҳиму калидии соҳаҳои гуногуни ноҳия мебошад. Барои мисол дар соли сипаришуда мо ба 3 деҳае, ки то имрӯз қувваи барқ надоштанд, хатҳои интиқоли барқ кашидем. Ё дар самти кишоварзиву дигар соҳаҳо низ дастовардҳои хубу назаррас доштем, афзуд раиси ноҳия.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо чунин ташаббусҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар солҳои минбаъда низ рушд карда, вазъи зиндагии сокинони он боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд Кӯҳистони Мастчоҳ Хуҷанд

http://www.hakikati-sugd.tj/index.php/economics/13550-bi-ishte-dar-masiri-rushd