БА СОКИНОНИ ДЕҲАҲОИ ҶАМОАТИ ИВАН-ТОҶИК МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДАНД

0
9

Санаи 11-уми феврали соли 2021 як гуруҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо сарварии раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассиса ва дигар шахсони масъул бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли равон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина шиносоӣ ба мардум ва баррасии мушкилоту масъалаҳо ба чанде аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати «Иван-Тоҷик» сафар карда, бо сокинони ин рустоҳо суҳбату вохўриҳо доир намуданд.
Чунин силсилавохўриҳо нахуст дар деҳаҳои Оббурдон, Падрох, Виткон ва Ҳадишаҳр сурат гирифт. Дар ҷараёни суҳбату вохўриҳо раиси ноҳия Бобозода Хайрулло доир ба нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мешавад, як ҳуҷҷати сарнавиштсоз, раҳнамо ва дастури муҳиме барои рушд босуботи кишвар, ободу зебо сохтани ватани азизамон, инчунин санаде баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Дар идомаи суханрониҳо раиси ноҳия ба сокинон таъкид намуд, ки бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар кишвар имсол ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлат таҷлил мегардад.
“Баҳри амалӣ намудани иқдомҳои Роҳбари давлат аз масъулини ноҳия сар карда, то оддитарини сокини ноҳия масъулиятшинос бояд бошем ва ин ҷашни фархундаи кишварро сазовор пешвоз гирем”,- иброз намуд Бобозода Хайрулло.
Њамчунин раиси ноњия дар идомаи суханрониҳо аз пардохти андози ягон дар соли 2021 озод гардиданди кишоварзон ёдовар шуда, таъкид намуд:
“Бо иқдоми хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишовардон аз андози ягона озод гардиданд. Акнун мо –кишоварзонро зарур аст, ки дар партави ғамхориҳои Пешвои миллат дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро гузорем”,- афзуд раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Дар ин вохӯриҳо ҳамчунин таъкид гардид, ки бањри сазовор ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, омўзиши амиқи фанҳои дақиқ ва ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандўсти саъю талош намоянд.
Дар ҷараёни суҳбату вохўриҳо бо сокинон масъалаҳои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо ва ҷалби мардум ба китобхонӣ, пешгири ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, зери назорат гирифтани муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар буда, ҷалби занону бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил баррасӣ гардиданд.

Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here