Ба муносибати Рӯзи Парчам дар деҳаи Деҳҳавз як муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

0
207

Санаи 24-ноябри соли 2020 дар арафаи таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави МТМУ № 18-и деҳаи Деҳҳавзи ҷамоати Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи мактаб ва баргузории чорабинии идона ба муносибати рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд Ҳоҷарой Латифї иштирок намуда, ба сифати корҳои сохмонии муассисаи таълимӣ баҳои баланд доданд.
Зимни ифтитоҳи бинои нави мактаб Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода онро як туҳфаи арзишманд дар арафаи рўзи Парчами давлатӣ хонд.
Таъкид карда шуд, ки тибқи дастуру супоришҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар гушаю канори мамлакат, алалхусус дар деҳоти дурдасти кишвар бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои сиёсати маорифпарваронаи ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад.
Бунёди ин иншоот тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкор ҳамзамон роҳбари ҶДММ «Роҳи Сомон» Фаррух Амонов сурат гирифт. Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло пас аз ба истифода додани муассисаи таълимӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ «Роҳи Сомон» Амонов Фаррух барои азнавсозии бинои мактаб изҳору сипосу миннатдорӣ баён дошта, омўзгоронро бо истифода аз чунин шароити мусоиди таълим дар руҳия ватандўсти тарбия намудани насли наврас водор намуд.
Сипас, Хоҷарой Латифӣ, сардори Муассисаи давлатии нигохдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати рўзи Парчами давлатӣ ба сокинони ноҳия расонида, инро барои ҳамагон мубораку фархунда хонд.
Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаи ноҳияи Кўҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди ҷамоати Лангар қарор дорад. Чандин сол хонадагон ин деҳа дар мактаби кўҳнаю садамави дарс мехонданд ва бунёди чунин мактаби нави замонавиро мекарданд. Билохира бо дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти Олии мамлакат ва соҳибкори хайрхоҳу ватандўст орзуи муҳассилини ин рустои дурдаст амалӣ гардид.
Боиси зикр аст, ки санаи 12-майи соли 2018 дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон, ки бо ҳамаи қишрҳои ҷомеаи баргузор гардид, соҳибкор, роҳбари ҶДММ «Роҳи Сомон» Амонов Фаррух сохмони мактабро дар ин деҳаи дурдаст ба уҳда гирифта дар давоми зиёда аз дусол мактабро бунёд намуд. Ин муассисаи таълимӣ дорои 6 синфхона барои беш аз 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон буда, бо тамоми таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин гардидааст. Маблағи сохтмони мактаб беш аз 1 млн. сомонї гуфта мешавад.
Бояд гуфт, ки дар рўзи таҷлили аз Парчами давлати ва ифтитоҳи ин боргоҳи маърифат хурсандии пиру барнои деҳаи Деҳҳавзро ҳадду канор набуд, зеро дар баробари омўзгорону хонандагон пиру барно и деҳа дар саҳни мактаб ҷамъ омада аз чунин иқдоми созандагӣ изҳори хурсандӣ мекарданд.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here