БА ИСТИФОДАДИҲИИ МАЙДОНЧАИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲАИ ТАБУШН

0
4
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буданд.Ва то арафаи ин ҷашни муқаддаси миллӣ бештари иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ аз 108 иншооти ба нақшагирифташуда 106 адади он, ё худ 98%-и он пурра ба истифода дода шуд. Ифтитоҳи майдончаи футбол дар деҳаи Табушни ҷамоати Лангар аз зумраи иншоотҳои ҷашни мебошад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Раиси ноҳия муҳтарам Хайрулло Бобозода баҳри ба варзиш ҷалб гардидани сокинони деҳаи мазкур санаи 8 уми сентябр ба истифода дода шуд. Дар рӯзи нахустини ифтитоҳи майдончаи футбол мусобиқаи кушод оид ба футбол байни варзишгарони ноҳия баргузор гардида дар он зиёда аз даҳ даста аз деҳаҳои ноҳия иштирок намуданд. Ғолибони ҷои якум дастаи деҳаи Виткон бо маблағи 900 сомонӣ ҷои дуюм деҳаи Оббурдон 700 сомонӣ ва ҷои сеюм дастаи деҳаи Табушн 500 сомонӣ мукофонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани ҷавонону наврасон дар ноҳия то ин дам чандин майдончаву толорҳои варзиши бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода дода шуда минбаъд низ ин иқдом роҳандозӣ карда мешавад.
Саидмаҳмад Шодиев