БАРРАСИИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
100

    Имрӯз 17.06.2020 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иҷлосияи дуюм, даъвати шашум таҳти раисии Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода доир гардид.
Дар кори Иҷлосия намояндаи ҳукумати вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ, вакилони халқи ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия аз рӯи 5 масъала: тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2020, №1491 “Дар бораи раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин намудани Бобозода Хайрулло Бобо, татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои соли 2020 ва тасдиқи қарорҳои қабул намудаи Раиси ноҳия ба кори худ оғоз намуд.

    Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зимни баррасии масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия якдилона Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2020, №1491 “Дар бораи раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин намудани Бобозода Хайрулло Бобо тасдиқ намуданд. Аз рӯи масъалаи дуюм муовини Вазирова Гулҷаҳон маълумот дод.
Муовини раиси ноҳия зимни суханронӣ доир ба татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020 зикр намуд, ки бо фароҳам овардани шароити хуби корӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ яке аз паҳлуҳои муҳими татбиқи Стратегияи мазкур маҳсуб ёфта, айни ҳол дар ноҳия 1 Беморхонаи марказӣ, 1 Маркази саломатӣ, 5 Маркази саломатии минтақавӣ ва 12 бунгоҳи тиббӣ дар деҳот бо фарогирии 115 нафар корманди тиб, ки аз онҳо 30 нафар духтур ва 85 нафар дигар корманди миёнаи тибро ташкил медиҳанд, ба таври шабонарўзӣ баҳри ҳифзи саломатии сокинони ноҳия фаъолият карда истодаанд.
Гулҷаҳон Вазирова бо таваҷҷуҳ фаъолият занҳо дар соҳаи тиб дар ноҳия таъкид намуд, ки дастгирии занҳо дар ин соҳа яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи мазкур ба ҳисоб рафта, аз 115 нафар корманди тиб, 35 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, ки 6 нафари онҳо айни ҳол дар мансабҳои роҳбарикунандаи соҳа кору фаъолият доранд.
Бино ба маълумоти мавсуф Беморхонаи марказии ноҳия ҳанӯз соли 2003 дар доираи 100 кати табобатӣ ба фаъолият оғоз карда, шуъбаҳои он дар деҳаҳои Роғ, Мадрушкат ва Пастиғав низ ташкил карда шудаанд.
“Боиси ифтихор ва шодмонист, ки соли 2019 бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бинои нави Беморхонаи марказӣ бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон дар давоми солҳои охир бо маблағгузории Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар деҳаҳои Худгифи Боло ва Табушни Ҷамоати деҳоти Лангар бунгоҳҳои тиббӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки мушкили сокинони ин деҳаҳои дурдастро хеле осон намуд”,- иброз дошт Гулҷаҳон Вазирова, муовини Раиси ноҳия.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи татбиқи Барномаи тарзи ташаккули ҳаёти солим дар давоми соли равон 1500 адад мавод барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои корновирус (COVID-19), бемории вараҷа, диабеди қанд ва бемории ВМНО ба ноҳия ворид карда шуда, ба ҳаммаи муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ дастрас гардидааст.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар фарҷоми Иҷлосия дар мавриди норасоии мутахассисони соҳаи тандурусти ноҳия ёдовар шуда, таъкид намуд, ки донишҷӯёни ноҳия, ки дар донишгоҳҳои тиббӣ таҳсил менамоянд, инчунин онҳое, ки тариқи квотаи Президентӣ дохил шудаанд, пас аз хатм ба ноҳия ҷалб намуда, мушкили норасоии қадрро бартараф созанд.
Ҳамчунин ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои тақвияти ҷораҳои пешгирикунда аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус тадбирҳои зарурии илдовагӣ андешида шавад.

Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here