БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ ҲАРБӢ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
2
7-уми сентябри соли 2021 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир карда шуд.
Дар ин паради ҳарбӣ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Юсуфзода А ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳоҷизода Наим ҳайати шахсии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, ҳайати захираҳои сафарбари ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд. Фазои ноҳия ба хусус назди бинои МИҲД-ноҳия идона ороста шуда, симои шаҳрак идона ба назар мерасид.
Пас аз кушода шудани маросим бо Суруди миллӣ намояндаи Ҳукумати мамлакат Юсуфзода А ба сухан баромада табрикоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлати қироат намуд. Сипос тибқи муқаррарот дар саҳни бинои МИҲД-ноҳия дар руҳияи ватандусти ва садоқат ба халқу ватан гузашти низомӣ сурат гирифт.
Саидвоҳиди Қосим