БАРГУЗОРИИ НАХУСТИН ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

0
44

Имрўз таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кўҳистони Маст чоҳ Хайрулло Бобозода нахустин Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Дар кори Иҷлосия намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, омири кулли палатаи савдо ва саноати вилоят  Муҳаммадҷон Муҳаммедҷонов, вакилони тозаинтихоб, муовини раиси ноҳия, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ  иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба кори Иҷлосия оғоз бахшида, вакилонро ба рӯзномаи маҷлис ошно намуд.

Иҷлосия аз рӯи ҳафт масъала ба фаъолият оғоз кард. Аз рӯи масъалаи тасдиқи ваколати вакилони тозаинтихоб ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Абдуев Обид маърӯза намуда, доир ба натиҷаҳои интихобот ҳисобот дод. Мавсуф зикр намуд, ки дар натиҷаи овоздиҳӣ аз 30 ҳавзаи интихоботӣ сӣ вакил ба маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардиданд, ки дар миёни онҳо 7 нафарашон зан мебошад.

Сипас бо ҷонибдории якдилона ваколати вакилон тасдиқ гардида,  комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз рӯи ҳафт масъала ва ҳайати он ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд..

Вакилони халқи ноҳия Тибқи муқаррароти моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумьурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумьурии Тоҷикистон» Шукурзода Мурод Ҷура ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумьурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ намуданд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилони халқи ноҳия Ҳукурзода Мурод Ҷўра, зодаи шаҳри Панҷакент  ва ҳамзамон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 ба аъзогии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.

Бо тасдиқи якчанд қарорҳои раиси ноҳия кори Иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба анҷом расид.

Дар фарҷом намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммедҷонов суханронӣ намуда, вакилони тозаинтихоби халқро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрик кард.

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here