АЁДАТИ ПИРОНУ МАЪЮБОН ВА СОБИҚАДОРОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

0
165

Аёдати пирони барҷомонда, маъюбон ва камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтани аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳумумати мамлакат буда, ҳама сола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддию пулӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад санаи 31 декабри соли 2020 ба муносибати Соли нави мелодии 2021 Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло чанде аз пирони барҷомонда, маъюбон, иштирокчии ҶБВ, маъюбон ва собиқадорони меҳнатиро аёдат намуда, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу шодмонӣ аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифтанд ва ба онҳо кумаки яквақтаи молӣ расониданд.
Раиси ноҳия зимни аёдат соли нави мелодиро ба ҳар як оилаи онҳо табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд.
Зимни аёдат пирону маъюбон ва камбизоатон аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат, раиси вилояти Суғд ва ҳукумати ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин иқдоми нек дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста идома дорад ва масъулини ноҳияи Кӯҳистони Масчо, аз ҷумла Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло дар ҳар иду ҷашвораҳо аз ҳолу рӯзгори пирону маъюбон ва собиқадорони меҳнатӣ дидан намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба ин қишри ҷомеа кумакҳои пулӣ ва моддӣ расонида мешавад.

Беҳзод Ҷумъазода